Интиқоди Зуҳуров аз лоиҳаи қонуни Вазорати рушди иқтисод


Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» аз рӯзномаи иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷ карда шуд.

Ш.Зуҳуров таҳиягарони лоиҳаи қонуни мазкур – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриро барои иштибоҳоти зиёди грамматикиву носаҳеҳиҳо мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Ӯ аз мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар палатаҳои парлумон Ҷумъахон Давлатов дархост намуд, ки ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президентро аз масъалаи сифати пасти лоиҳаҳои қонунҳои таҳияшуда огоҳ намояд.

«Вазифаи мо ҳарчи зудтар тасдиқ кардани чизи аз ҳукумат мерасида нест, зеро ба ин васила мушкилот ҳал намешавад», – изҳор кард ӯ.

Зуҳуров ба муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев супориш дод, ки ба вазир Шариф Раҳимзода расонад, ки «зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бемасъулиятӣ зоҳир шудааст».

spot_imgspot_img

Популярное