Интиқоди Зуҳуров аз лоиҳаи қонуни Вазорати рушди иқтисод

Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» аз рӯзномаи иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷ карда шуд. Ш.Зуҳуров таҳиягарони лоиҳаи қонуни мазкур – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриро барои иштибоҳоти зиёди грамматикиву носаҳеҳиҳо мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ӯ аз […]

Аваз Юлдошев


Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» аз рӯзномаи иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷ карда шуд.

Ш.Зуҳуров таҳиягарони лоиҳаи қонуни мазкур – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриро барои иштибоҳоти зиёди грамматикиву носаҳеҳиҳо мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Ӯ аз мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар палатаҳои парлумон Ҷумъахон Давлатов дархост намуд, ки ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президентро аз масъалаи сифати пасти лоиҳаҳои қонунҳои таҳияшуда огоҳ намояд.

«Вазифаи мо ҳарчи зудтар тасдиқ кардани чизи аз ҳукумат мерасида нест, зеро ба ин васила мушкилот ҳал намешавад», – изҳор кард ӯ.

Зуҳуров ба муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев супориш дод, ки ба вазир Шариф Раҳимзода расонад, ки «зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бемасъулиятӣ зоҳир шудааст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.