Супориши нахуствазир оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои нави хурду миёна


Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои дахлдор оид ба масоили марбут ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави обиву барқии хурду миёна дар кишвар машварати корӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар дод, Оқил Оқилов дар назди вазорату идораҳои марбута оид ба тақвияти ҳаҷми корҳо дар иншооти гидроэнергетикии хурду миёна, ки сохтмонашон идома дорад ва лоиҳакашии бунёди нерӯгоҳҳои нави хурду миёна дар рӯдххонаи Вахш вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба иттилои манбаъ, нахуствазир оид ба дар фурсатҳои наздиктарин таҳия намудани лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои нави барқии хурду миёна, омодасозии тарҳи фанниву иқтисодӣ ва ҳамчунин муайян кардани сарчашмаҳои маблағгузории онҳо дастур дод.

spot_imgspot_img

Популярное