Барои сохтмони маркази муосири тиббӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, ки муддати ду моҳ боз идома дорад, аз буҷети шаҳри Душанбе то ахири соли равон ҳудуди 8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳрӣ ҳудуди 25 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, анҷоми сохтмони он ахири соли 2013 дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, соли оянда оид ба харидорӣ ва таъмини марказ бо таҷҳизоти заруриву мебел тендер баргузор мешавад. «Танҳо пас аз он метавон дар бораи маблағи дақиқи воситаҳои ҷудошуда аз буҷети шаҳрӣ ба сохтмон ҳарф зад», – таъкид кард сарчашмаи хабар.



