ИА ба Тоҷикистон 16 млн. евро ҷудо мекунад

Имрӯз дар Душанбе миёни Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо созишномае ба имзо расид, ки мувофиқи он ИА баҳри дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон 16 млн. евро маблағ ҷудо мекунад. Дар зери созишнома Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссия оид ба Осиёи Марказӣ ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз дар Душанбе миёни Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо созишномае ба имзо расид, ки мувофиқи он ИА баҳри дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон 16 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Дар зери созишнома Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссия оид ба Осиёи Марказӣ ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов имзо гузоштанд.

Пас аз маросими имзои созишнома намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷамъи рӯзноманигорон оид ба дидору гуфтушунидаш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар мулоқот бо президент маҷмӯи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамчунин вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, дастгирии ин давлат пас аз соли 2014 баррасӣ шуданд. К.Эштон зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз соли 2014 низ ба ҳузури худ дар Афғонистон идома доданист.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, «ИА аз мушкилоти бахши энергетикаи Тоҷикистон огоҳ буда, пешниҳод менамояд, ки ба ҷустуҷӯи навъҳои алтернативии электроэнергия таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад».

К.Эштон ҳамчунин ба масъалаи вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла манъи чанде аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард. «Нақши ҳуқуқшиносони ҷавону фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятие чун Ампаро ва Интернешнл Алерт барои рушди Тоҷикистон хеле пурқимату муҳим аст», – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки Иттиҳоди Аврупо аз он ифтихор дорад, ки тӯли 20 сол ба рушди Тоҷикистон 600 млн. евро маблағгузорӣ кардааст.

Кэтрин Эштон имрӯз ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот ороста, дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи башар баррасӣ мешаванд. Пас аз ин мулоқот ӯ ба Ӯзбекистон раҳсипор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.