Демократҳои ВМКБ ҳам алайҳи Собиров муттаҳид шуданд

Шуъбаву бахшҳои вилоятии Ҳизби демократии Тоҷикистон аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст мекашанд. Қаблан аз муттаҳидшавӣ бо фраксияи аз ҷониби Вазорати адлия сабтиномшуда таҳти сарварии Масъуд Собиров демократҳои вилояти Суғду Хатлон даст кашида буданд ва акнун ба онҳо демократҳои ВМКБ пайвастанд, ки қаблан Собировро пешвои худ эътироф мекарданд. Гузашта аз ин, намояндаи онҳо  […]

Меҳрангез Турсунзода


Шуъбаву бахшҳои вилоятии Ҳизби демократии Тоҷикистон аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст мекашанд.

Қаблан аз муттаҳидшавӣ бо фраксияи аз ҷониби Вазорати адлия сабтиномшуда таҳти сарварии Масъуд Собиров демократҳои вилояти Суғду Хатлон даст кашида буданд ва акнун ба онҳо демократҳои ВМКБ пайвастанд, ки қаблан Собировро пешвои худ эътироф мекарданд. Гузашта аз ин, намояндаи онҳо  Марод Мирасанов муовини Масъуд Собиров аст.

Дар иттилои нашршудаи демократҳои ВМКБ дар ин робита гуфта мешавад, дар тамоми муддати фаъолияти ҲДТ таҳти роҳбарии М.Собиров, ӯ ягон маротиба ба вазъи кор дар бахши мазкури ҳизб таваҷҷуҳ зоҳир накардааст.

«Мо дигар Собировро ҳамчун пешво эътироф накарда, баргузории анҷумани фавқулодаро талаб мекунем, – зикр мегардад дар изҳорот. – Моро ба ин амал овозаву рӯйдодҳои тайи шаш соли ахир атрофи ҳизб маҷбур сохтанд. Фаъолияти минбаъдаи ҳизб дар чунин шакл, яъне танҳо ба ном вуҷуд доштан, натанҳо ба арзишҳову рисолати ҳизб мувофиқ нест, балки он ба суботу амниятиТоҷикистон низ зиён оварда метавонад».

Дар иттилои нашршуда ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин робита роҳбарии ҳизб ба дӯши кумитаи тадорукот оид ба баргузории анҷумани фавқулодаи ҲДТ таҳти роҳбарии Мамлакат Ҷайчиева вогузор мегардад.

Ҳамзамон кумитаи тадорукот то замони баргузории анҷумани фавқулода роҳбарии умумии ҳизбро ба уҳда гирифта, кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки сарфи назар аз мавқеъгирӣ, муносибатҳо бо тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро барқарор созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.