Ҳалокати чор нафар тоҷикистониён дар Новосибирск

Рӯзи 28-уми ноябр дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Русия дар дохили воситаи нақлиёт ҷасади чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Абдухалил Набиеви 24-сола, Абдулаҳад Набиеви 22-сола, Тӯйхони Набизодаи 20-сола ва Комрони Набизодаи 18-сола дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳамаи фавтидагон сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти […]

ASIA-Plus


Рӯзи 28-уми ноябр дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Русия дар дохили воситаи нақлиёт ҷасади чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Абдухалил Набиеви 24-сола, Абдулаҳад Набиеви 22-сола, Тӯйхони Набизодаи 20-сола ва Комрони Набизодаи 18-сола дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳамаи фавтидагон сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, бо ҳам риштаи хешутаборӣ доштаанд.

Тибқи хулосаи пешакии коршиносон, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расидаанд, зеро тамоми шаб дар дохили автомашина қарор дошта, барои гармшавӣ аз низоми гармидиҳии нақлиёт истифода бурдаанд.

Гуфта мешавад, фавтидагон як муддати муайян дар иншооти сохтмоние, ки дар наздикии ҷойи дарёфти ҷасадҳояшон воқеъ аст, машғули кор будаанд.

Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишоти шаҳри Бердск ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.