Дар ҷараёни кори мизи мудавваре, ки дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир гардид, механизмҳои имконпазири амалисозии лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори мизи гирди мазкур вакилони парлумон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун, вакили парлумон Насрулло Маҳмудов изҳор кард, ки зимни таҳияи лоиҳаи қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳолатҳои хушунат дар оилаҳои тоҷикистониён ва асноди қонунгузории кишварҳои дигар дар ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамзамон расму оин ва менталитети мардуми маҳаллӣ ба инобат гирифта шудааанд. «Амали қонун барои оилаҳое, ки расман ё тариқи қоидаҳои шариат ақди никоҳ бастаанд, ягона хоҳад буд», – гуфт ӯ.
Ба қавли подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Лола Отабоева, тайи 6 моҳи ахири соли равон 756 ҳодисаи хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шуда, дар аксари ҳолатҳо занон ҷабр дидаанд. «Аз шумори умумии ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила 51 фоизашон хусусияти равонӣ ва ҳамагӣ 8,4 фоизаш хусусияти ҷисмонӣ доранд», – гуфт вай.
Иштирокчиёни мизи гирд ҷой доштани ин ҳодисаҳоро ба вазъи душвори иқтисодии оилаҳо, сатҳи нокофии огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон ва афзоиши ҳолатҳои бисёрзаниву мизони таваллуд марбут донистанд.
Насрулло Маҳмудов таъкид дошт, ки ҳадаф аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур таҳкими оилаҳо аст. «Қонун аз 10 модда иборат буда, баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои он ба 10 субъект, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои тандурустиву маориф ваколатҳои зарурӣ ва мақоми муҳим пешбинӣ шудаанд», – афзуд номбурда.



