Машварати имомхатибони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 100 нафар имомхатибони масҷидҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат барпо шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи умури дини минтақа Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар машварат аз натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои динии минтақа тӯли 20 соли ахир натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд. Ш.Абдулҳамидов изҳор кард, ки […]

Турко Дикаев


Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 100 нафар имомхатибони масҷидҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат барпо шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи умури дини минтақа Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар машварат аз натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои динии минтақа тӯли 20 соли ахир натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Ш.Абдулҳамидов изҳор кард, ки доир ба ин масъалаҳо худӣ ӯ ва сармутахассиси Кумитаи умури дини вилояти Хатлон Маҳмадӣ Муродов маърӯза намуда, чанде аз имомхатибон низ ибрози назар ва пешниҳодоти худро ироа доштанд.

«Дар машварат зикр гардид, ки тӯли 20 соли сипаришуда дар ҳаёти динии мусалмонони кишвар таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваста, агар 20 сол қабл дар минтақа ҳамагӣ 2 масҷид амал мекард, имрӯз шумори онҳо ба 562 адад расидааст», – иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон фаъолияти муассисаҳои динӣ дар минтақа бомаром идома дошта, чанде қабл дар ноҳияи Ховалинг мадраса ба фаъолият шурӯъ кард. «Барои ифтитоҳи ба ин монанд муассисаи таълимоти динӣ дар шҳри Кӯлоб низ иҷозатнома гирифта шуд», – афзуд Абдулҳамидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.