Дар бозори фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» 17%-ро ташкил медиҳад.
Дар қаламрави Тоҷикистон 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 4 база (анбор)-и захираи нафти корхонаи фаръии ширкати русиягӣ амал мекунанд.
Зимни маҷлиси Шӯрои мудирони ширкат дар Маскав дар бораи натиҷаҳои фаъолияти корхонаи фаръии «Газпромнефт» дар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии «Газпоромнефт», дар Қирғизистон 109 нуқтаи фурӯш ва 8 анбори захираи маҳсулоти нафти ширкат амал карда, аз соли 2010 ҳаҷми фурӯши чакана ба андозаи 77% – аз 235 ҳазор то 416 ҳазор тонна дар як сол афзудааст.
Гуфта мешавад, тӯли 2 сол «Газпромнефт» ҳаҷми фурӯши чакана дар Қазоқистонро зиёда аз 7 маротиба – аз 24 ҳазор то 172 ҳазор тонна афзуда, шумори нуқтаҳои фурӯш ду баробар зиёд шудаанд ва айни замон беш аз 40 ададро ташкил медиҳанд. То соли 2020 дар Қазоқистон ишғол намудани наздики 6%-и ин бозор тарҳрезӣ шудааст.



