Дар бозори чакана ҳиссаи «Газпромнефт-Тоҷикистон» 17% аст

Дар бозори фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» 17%-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави Тоҷикистон 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 4 база (анбор)-и захираи нафти корхонаи фаръии ширкати русиягӣ амал мекунанд. Зимни маҷлиси Шӯрои мудирони ширкат дар Маскав дар бораи натиҷаҳои фаъолияти корхонаи фаръии «Газпромнефт» дар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва […]

Заррина Эргашева


Дар бозори фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» 17%-ро ташкил медиҳад.

Дар қаламрави Тоҷикистон 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 4 база (анбор)-и захираи нафти корхонаи фаръии ширкати русиягӣ амал мекунанд.

Зимни маҷлиси Шӯрои мудирони ширкат дар Маскав дар бораи натиҷаҳои фаъолияти корхонаи фаръии «Газпромнефт» дар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии «Газпоромнефт», дар Қирғизистон 109 нуқтаи фурӯш ва 8 анбори захираи маҳсулоти нафти ширкат амал карда, аз соли 2010 ҳаҷми фурӯши чакана ба андозаи 77% – аз 235 ҳазор то 416 ҳазор тонна дар як сол афзудааст.

Гуфта мешавад, тӯли 2 сол «Газпромнефт» ҳаҷми фурӯши чакана дар Қазоқистонро зиёда аз 7 маротиба – аз 24 ҳазор то 172 ҳазор тонна афзуда, шумори нуқтаҳои фурӯш ду баробар зиёд шудаанд ва айни замон беш аз 40 ададро ташкил медиҳанд. То соли 2020 дар Қазоқистон ишғол намудани наздики 6%-и ин бозор тарҳрезӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.