Тӯли 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 86 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 2 нафар фавтидаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии ҶТ Самариддин Алиев хабар дод, ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо бештар дар мавсими зимистону баҳор ба мушоҳида расида, онҳо аксаран ба истифодаи нодуруст ё ба таври нокофӣ тозашудаи маҳсулоти ғизоии консервшуда ва риоя накардани шароитҳои нигоҳдории онҳо марбутанд.
«Дар робита ба ин масъала дар хадамот бо иштироки намояндагони тамоми мақомоти дахлдор семинар гузаронида шуда, дар он мушкилоти рӯзмарраи марбут ба нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, роҳҳои пешгирӣ ва тақвияти назорати эпидемиологӣ, таҳқиқ ва андешидани тадбирҳо зимни хурӯҷ ва ҳамчунин беҳбуди сифати кӯмаки аввалияти тиббиву санитарӣ дар ин ҳолатҳо баррасӣ шуданд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли равон дар минтақаи шимоли кишвар бар асари заҳролудшавии оммавӣ аз ғизо як нафар ҳалок ва 26 нафар бистарӣ шуда буданд. Он замон Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки сарчашмаи заҳролудшавӣ помидорҳои дар хона консервшуда будааст.



