Таъмини беш аз 30 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ дар соли равон

Date:


Дар зарфи 10 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон 30,8 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,5%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 92,1 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки 55,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд, ҳудуди 37 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Ғайр аз ин,  тавассути квотаи корӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – зикр карданд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 10 моҳи соли равон зиёда аз 6,2 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 1,4 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми ноябри соли равон дар хадамоти Агентӣ 76,8 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 55,2 ҳазор нафар расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра қариб 12 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ равона гардида, зиёда аз 4,4 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии мазкур, дар зарфи 10 соли ҷорӣ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...