Таъмини беш аз 30 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ дар соли равон

Дар зарфи 10 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон 30,8 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,5%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 92,1 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 10 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон 30,8 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,5%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 92,1 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки 55,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд, ҳудуди 37 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Ғайр аз ин,  тавассути квотаи корӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – зикр карданд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 10 моҳи соли равон зиёда аз 6,2 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 1,4 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми ноябри соли равон дар хадамоти Агентӣ 76,8 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 55,2 ҳазор нафар расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра қариб 12 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ равона гардида, зиёда аз 4,4 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии мазкур, дар зарфи 10 соли ҷорӣ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.