Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СУС мешавад

Date:


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маросими шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти СУС намояндагони тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз 157 кишвари ҷаҳон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошанд ва бо шомил шудани Тоҷикистон шумораи давлатҳои аъзои созмон ба 158 адад мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурият ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мактуби дархостиро оид ба аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ирсол намуд ва Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷаласаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.

Рӯйдоди таърихӣ – маросими дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Имрӯз, 10 декабри соли равон дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...