«Регар-ТадАЗ» мустақиман дар даври гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мустақиман ба давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мактуби расмии КФО ба ФФТ зикр шудааст, ки дорандаи Ҷоми футболи давлати Баҳрайн – дастаи «Муҳаррак» аз иштирок дар давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013 даст […]

Аваз Юлдошев


Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мустақиман ба давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мактуби расмии КФО ба ФФТ зикр шудааст, ки дорандаи Ҷоми футболи давлати Баҳрайн – дастаи «Муҳаррак» аз иштирок дар давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013 даст кашида, дар ин робита, дастаи «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Риффа» (Баҳрайн) ва ғолиби Ҷоми КФО  – тими «Қувайт» (Қувайт) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 дастаи «Регар-ТадАЗ» мебоист дар даври интихобӣ бо ғолиби вохӯрии дастаҳои «Ал-Ваҳда» (Сурия) ва «Ал-Аҳли Тайиз» (Яман) вохӯрӣ анҷом дода, дар сурати пирӯзӣ ба даври гурӯҳӣ роҳхат мегирифт.

Ёдрас мекунем, ки ғолиби лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «D» ҳарифони «Равшан» тимҳои «Ал-Қадисия» (Қувайт), «Ал-Рамта» (Урдун) ва «Ал-Шорта» (Сурия) мебошанд.

Мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 аввали моҳи марти соли оянда оғоз гардида, ахири моҳи май ба анҷом мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.