Чанде қабл шаҳри Ашқобод дар доираи татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2012 машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Туркманистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии он кишвар Вепа Ҳоҷиев роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб табодули афкор намуданд, инчунин омодагии худро ҷиҳати рушду тавсеаи минбаъдаи равобити Тоҷикистону Туркманистон изҳор доштанд.
Дар доираи машваратҳо раванди иҷрои қарордодҳои қаблан дар сатҳи олӣ ба даст омада ва санадҳои дуҷонибаи имзошуда оид ба соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, техникию илмӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни машваратҳо ҷараёни хуби густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамҷаворӣ, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти муҳими фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро таъкид намуда, зарурати самаранок истифода намудани иқтидору имконоти мавҷудаи ду кишварро ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба қайд карданд.





