Густариши робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Финландия

Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия (муқими Хелсинки) хонум Туула Юрёла баргузор гардид. Сафир хонум Туула Юрёларо дар мулоқот мудири бахши кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Олии Кантана ҳамроҳӣ намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия (муқими Хелсинки) хонум Туула Юрёла баргузор гардид. Сафир хонум Туула Юрёларо дар мулоқот мудири бахши кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Олии Кантана ҳамроҳӣ намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат вазир ба ҷониби Финляндия ҷиҳати ташкил ва баргузории муваффақонаи сафари расмии Президенти кишвар ба Хелсинки моҳи октябри соли равон изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо оид ба тамоюли инкишофёбандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои геология ва таҳкими ҳифзи сарҳадот изҳори қаноатмандӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишварро таъкид намуд. Пешниҳод карда шуд, ки ҷонибҳо барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳо тавассути имзои созмшномаҳое, ки ба танзими робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти минбаъдаи онҳо равона гардидаанд, тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Финляндия Туула Юрёла оид ба тавсеа ва густариши тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони ҳар ду кишвар изҳори ҳамақидагӣ намуданд.

Зимни мулоқот инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз қабили вазъият дар минтақа ва Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ аз ин кишвар то охири соли 2014 табодули афкор сурат гирифт.

Дар анҷоми сӯҳбат вазири корҳои хориҷии кишвар аз номи Ҳукумати мамлакат барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Савдо ба ҷониби Финляндия изҳори сипос намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.