Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон

Чанде қабл шаҳри Ашқобод дар доираи татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2012 машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Туркманистонро муовини аввали вазири […]

ASIA-Plus


Чанде қабл шаҳри Ашқобод дар доираи татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2012 машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Туркманистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии он кишвар Вепа Ҳоҷиев роҳбарӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб табодули афкор намуданд, инчунин омодагии худро ҷиҳати рушду тавсеаи минбаъдаи равобити Тоҷикистону Туркманистон изҳор доштанд.

Дар доираи машваратҳо раванди иҷрои қарордодҳои қаблан дар сатҳи олӣ ба даст омада ва санадҳои дуҷонибаи имзошуда оид ба соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, техникию илмӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни машваратҳо ҷараёни хуби густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамҷаворӣ, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти муҳими фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро таъкид намуда, зарурати самаранок истифода намудани иқтидору имконоти мавҷудаи ду кишварро ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба қайд карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.