Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 329 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 ҳазор тонна камтар мебошад. Арзиши умумии бензини воридгардида дар ин давра 371,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳуқумати ҶТ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 329 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 ҳазор тонна камтар мебошад. Арзиши умумии бензини воридгардида дар ин давра 371,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳуқумати ҶТ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии ба кишвар воридгардида, ҳиссаи Русия – 62,3%, Туркманистон – 18,5% ва Қир- 10,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 141,4 ҳазор тоннаашро бензин, 112,9 ҳазор тоннаро – сӯзишвории дизелӣ, 49,4 ҳазор тоннашро авиакеросин ва дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳанд. Нархи миёнаи як тонна бензин дар соли ҷорӣ 1 ҳазору 121$, сӯзишвории дизелӣ – 1 ҳазору 84 $ ва авиакеросин – 1 ҳазору 347 $-ро ташкил дод.

Дар робита ба масъалаи бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия дар Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки ин масъала ҳоло ҳал нагардида, муҳлати имзои созишнома низ маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.