Роҳандозии фаъолияти 14 корхонаи саноатии нав дар Кӯлоб

Date:


Бори нахуст корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар зарфи 11 моҳ ба маблағи беш аз 100 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар ин муддат дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 103 млн. 302,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни таъиноти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 10,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Ба қавли ӯ, ин нишондиҳанда ба туфайли соли равон мавриди баҳрбардорӣ қарор гирнифтани 14 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба даст оварда шудааст, ки миёни онҳо метавон аз фаъолияти пурсамари корхонаи коркарди нахи пахтаи «Тилои сафед-Ф» ва барқарор кардани фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Кӯлобтекстайлз» пас аз ду соли таваққуф ҳарф зад. «Дар зарфи якчанд моҳ корхонаи коркарди нахи пахтаи «Тилои сафед-Ф» аллакай ба маблағи 9 млн. сомонӣ маҳсулот тайёр кард», – гуфт вай.

Номбурда афзуд, дар моҳи ноябр низ саноатчиёни шаҳру ноҳия ба дастовардҳо ноил гардида, нисбат ба моҳи ноябр дар ҳаҷми 3,5 млн. сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...