Нерӯгоҳи «Дӯстии халқҳо» 56-сола шуд

Санаи 15-уми декабри соли 1956 агрегати аввалини нерӯгоҳи барқии «Дӯстии халқҳои» шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов хабар дод, феълан ҳамаи шаш агрегати нерӯгоҳ мунтазам фаъолият дошта, дар як шабонарӯз 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30%-и талаботи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба нерӯи барқро ташкил […]

Мавлуда Рафиева


Санаи 15-уми декабри соли 1956 агрегати аввалини нерӯгоҳи барқии «Дӯстии халқҳои» шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов хабар дод, феълан ҳамаи шаш агрегати нерӯгоҳ мунтазам фаъолият дошта, дар як шабонарӯз 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30%-и талаботи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Ба қавли вай, иқтидори пурраи нерӯгоҳ то ба 3 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз баробар аст. «Нерӯгоҳи мо таъиноти дугона дорад, яъне ҳам нерӯи барқ истеҳсол мекунаду ҳам барои обёрӣ истифода мегардад. Мо зимистон об захира намуда, тобистон кишварҳои поёноб – Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубиро бо об таъмин месозем», – мегӯяд директори нерӯгоҳ.

Ба гуфтаи Авезов, феълан сатҳи оби обанбор нисбат ба соли гузашта ба андозаи 1 метру 60 сантиметр поинтар буда, ҳаҷми об 700 млн. метри мукааб камтар аст. «Агар нишондиҳандаи сатҳи об ба 3,5 млрд. метри мукааб расад, нерӯгоҳ бо иқтидори пурра кор карда метавонад», – гуфт ӯ.

Директори нерӯгоҳ ҳамчунин изҳор кард, ки маъмулан об дар обанбор то моҳи январ захира мешавад ва агар то ин замон сатҳи об ба меъёр баробар шавад, нерӯгоҳ ба фаъолияти пурра оғоз мекунад. «Соли оянда ба маблағи беш аз 40 млн. евро корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар назар аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.