Ҳунарнамоии «Истиқлол» бо сарулибоси ширкати испании «Joma»

Дар мавсими нави футбол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо сарулибоси ширкати истеҳсолкунандаи сарулибоси варзишии «Joma»-и Испания ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, ахири соли равон созишномаи шарикии дастаи «Истиқлол» бо ширкати «Li-Ning»-и Чин ба итмом мерасад. Қобили зикр аст, ки тӯли се соли ахир дастаро ин ширкат бо сарулибоси варзишӣ таъмин мекард. Ба […]

Аваз Юлдошев


Дар мавсими нави футбол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо сарулибоси ширкати истеҳсолкунандаи сарулибоси варзишии «Joma»-и Испания ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, ахири соли равон созишномаи шарикии дастаи «Истиқлол» бо ширкати «Li-Ning»-и Чин ба итмом мерасад. Қобили зикр аст, ки тӯли се соли ахир дастаро ин ширкат бо сарулибоси варзишӣ таъмин мекард.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл менеҷери дастаи «Истиқлол» Муродҷон Умаров аз дафтари асосии ширкати «Joma» дар шаҳри Портило-де-Толедо боздид намуда, бо мудири кулли ширкати «Joma-Sport» Фруктуосо Лопес (Fructuoso Lopez) оид ба роҳандозии ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом додааст.

Ба қавли менеҷери даста, дар мавсими соли 2013 ширкат шарики техникии даста гардида, моҳи феврали соли оянда нкмояндагони ширкат ҷиҳати муаррифии сарлубоси варзишӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.