Душанбегиҳо ахири сол бо оби гарм таъмин мешаванд

Сарфи назар аз сардиҳо, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе то ҳанӯз ба таъмини сокинони пойтахт бо гармиву оби гарм оғоз накардааст. Тавре аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, оғози мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт рӯзи 25-уми декабр ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, мушаххас нест, ки кадом манотиқи пойтахт бо гармиву оби гарм аз марказ таъмин […]

Меҳрангез Турсунзода


Сарфи назар аз сардиҳо, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе то ҳанӯз ба таъмини сокинони пойтахт бо гармиву оби гарм оғоз накардааст.

Тавре аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, оғози мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт рӯзи 25-уми декабр ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, мушаххас нест, ки кадом манотиқи пойтахт бо гармиву оби гарм аз марказ таъмин карда мешаванд. Соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуда, қисман танҳо сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда шуданд.

Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири кишвар дар машварати корӣ оид ба таҷдиди маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе сухан ронда, изҳор намуд, ки барои бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани дегхонаи ғарбии МБГ ҳудуди 32 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки МБГ Душанбе ба оғози фаъолият комилан омода буда, супориши макомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик»-ро интизоранд.

Дар робита ба таъмини МБГ бо сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, дар корхона изҳор намуда буданд, ки миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъмини марказ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо 21 млн. метри мукааб гази табиӣ қарордод ба имзо расидааст.

Дар МБГ таъкид доштанд, ки айни замон дар анборҳои корхона захираҳои сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут 16,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, рӯзҳои наздик боз 5 тоннаи дигар аз ин навъи сӯзишворӣ дастрас мегардад ва дар маҷмӯъ, захира кардани мазут дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуд. То ин замон тайи ду соли ахир корхона ба фаъолияти худ аз 1-уми декабр оғоз бахшида, солҳои аз он қаблӣ бошад, мавсими кори МБГ Душанбе ҳамасола аввали моҳи ноябр оғоз ва аввали моҳи апрел ба итмом мерасид.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕЦ) соли 1968 мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш 198 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишворири эҳтиётӣ мазут истифода мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.