Чанде қабл дар Вена миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Созишномаи қарзии иловагӣ дар робита ба лоиҳаи “Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара” ба имзо расид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Тоҷикистон Созишномаро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва аз ҷониби Хазинаи ОПЕК мудири кулл Сулейман Ал-Ҳербиш имзо намуданд.
Мувофиқи созишнома Хазинаи ОПЕК қарзи иловагиро дар ҳаҷми 2,8 млн. доллари ШМА барои таҷҳизонидани беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара бо лавозимоти ҳозиразамон ҷудо менамояд.
Лоиҳаи зерин аз ҷониби Хазинаи ОПЕК дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва аллакай барои татбиқи он зиёда аз 5 млн. доллари ШМА ҷудо шудааст. Ифтитоҳи расмии беморхона дар нимаи аввали соли 2013 ба нақша гирифта шудааст.


