Талаби 3,5 соли ҳукми зиндон ба гунаҳкори садамаи журналист

Ҳукми суд ба гунаҳкори садамаи нақлиёт, ки аз он рӯзноманигоои хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, шояд имрӯз содир гардад. Барои гунаҳкори садама прокурор сеюним соли маҳрумият аз озодӣ бо адои муҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунатро дархост намуд. Дар мурофиаи судии имрӯза дар суди ноҳияи Синои пойтахт прокурор ҳамчунин дархост кард, ки гунаҳкори садамаи […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳукми суд ба гунаҳкори садамаи нақлиёт, ки аз он рӯзноманигоои хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, шояд имрӯз содир гардад.

Барои гунаҳкори садама прокурор сеюним соли маҳрумият аз озодӣ бо адои муҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунатро дархост намуд.

Дар мурофиаи судии имрӯза дар суди ноҳияи Синои пойтахт прокурор ҳамчунин дархост кард, ки гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов аз ҳуҷҷати ронандагӣ ба муҳлати чор сол маҳрум карда шавад. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор карда мешавад.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз толори суд, гунаҳкор Н.Шарифов комилан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз наздикони журналист узр пурсидааст. Худи журналист дар мурофиа ҳузур надорад. Искандари Фирӯз то ҳол дар бемористони ба номи Сино қарор дошта, ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст.

Айни замон суд ба ҳуҷраи машваратӣ хориҷ шуда, интизорӣ меравад, ки ҳукми суд имрӯз содир мегардад.

Ҳимоятгарони журналист ҳамчунин ният доранд, ки барои ҷуброни хисороти моливу маънавӣ низ аризаи даъвогӣ пешниҳод намоянд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Нусратулло Шарифов аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи писари журналисти хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.