Ҷӯрабек Муродов дар меҳмонии «Азия-Плюс»

Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ки 24-уми декабр 70-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн мегирад, имрӯз дар меҳмонаи радиои «Азия-Плюс» қарор дошт. Дар барномаи пахши мустақими радио овозхони шинохта доир ба дастоварду вижагиҳои эҷодиёти ғании худ ҳикоят карда, ҳатто чанд пораҳоеро аз сурудҳои писандидаи мардум зинда сароид. Шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доштанд, ки мустақиман ба Ҷ.Муродов саволҳо диҳанд. […]

Азия-Плюс


Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ки 24-уми декабр 70-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн мегирад, имрӯз дар меҳмонаи радиои «Азия-Плюс» қарор дошт.

Дар барномаи пахши мустақими радио овозхони шинохта доир ба дастоварду вижагиҳои эҷодиёти ғании худ ҳикоят карда, ҳатто чанд пораҳоеро аз сурудҳои писандидаи мардум зинда сароид. Шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доштанд, ки мустақиман ба Ҷ.Муродов саволҳо диҳанд.

Пас аз итмоми барнома Ҳунарпешаи мардумии 

ИҶШС

 дар лавҳаи шабакаи радио навиштаҷоти хотиравӣ боқӣ гузошт. Ба Ҷӯрабек Муродов аз номи шабакаи радио туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни 70-умин солгарди зодрӯз идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» бо Ҳунарпешаи мардумии 

ИҶШС

 Ҷӯрабек Муродов мусоҳибаи махсусе анҷом хоҳад дод, ки он дар саҳфаҳои шумораи санаи 26-уми декабри ҳафтавор ба табъ мерасад.

Инак, як қисмати кӯтоҳи барномаи радиои «Азия-Плюс» бо ҳузури Ҷӯрабек Муродовро манзури шумо мегардонем.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.