Гунаҳкори садамаи журналист 3,3 сол муҷозот шуд

Гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов, ки аз он рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошт, ба муддати 3,3 сол маҳкум шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии сукунат адо хоҳад кард. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор […]

ASIA-Plus


Гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов, ки аз он рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошт, ба муддати 3,3 сол маҳкум шуд.

Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии сукунат адо хоҳад кард. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор дониста шуд.

Ғайр аз ин, тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт, Н.Шарифови 33-сола ба муддати 3 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Наталя Шарифова изҳор кард, ки онҳо аз ҳукми суд қаноатманд буда, вале ҷуброни хисороти маънавиро тақозо хоҳанд кард, зеро Искандари Фирӯз то ҳол дар дармонгоҳ қарор дошта, ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст.

«Барои муолиҷаи журналист, ки ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошт, маблағи зиёд масраф гардида, ҳаҷми маблағи умумии даъво тақрибан ҳудуди 100 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод», – гуфт ҳимоятгар.

Гунаҳкор Н.Шарифов комилан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз наздикони журналист узр пурсидааст. Худи журналист дар мурофиа ҳузур надошт.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Нусратулло Шарифов аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи писари журналисти хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҷавоншери Фирӯз, писари журналист, пас аз ду ҳафтаи муолиҷа аз бемористон рухсатӣ шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.