Имрӯз дар назди факултаи тандурустии ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Маркази нави захираҳои маълумот баргузор шуд.
Марказ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) «Тандурустии хушсифат» бунёд гардида, барои таҳкими дониш ва малакаҳои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур муовини ректори ДДТТ Саид Қурбонов ва директори USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Мак Доналд ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов иттилоъ дод, марказ ба таҳкими захираҳои таълимотии донишгоҳ, беҳбуди таҳсилу донишандӯзии донишҷӯён ва имконоти баргузории таҳқиқоти мустақил бо истифода аз технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Ба қавли вай, дар марказ дастрасӣ ба шабакаи китобхонаи электронии донишгоҳ таъмин гардида, он бо адабиёти навтарин бо забони русиву англисӣ ва ҳамчунин техникаву мебел муҷаҳҳаз аст.
«То имрӯз ДДТТ аз рӯи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ фаъолият намуда, аз ин лоиҳаҳо ҳамасола донишгоҳ то 5 млн. сомонӣ даромад ба даст меовард ва ин даромад ба муҷаҳҳаз намудани муассиса бо техникаи тадорукотӣ, дасторас кардани маводи таълим ва таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён масраф мегардид», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ 11 марказ фаъолият дошта, 4-тои онҳо бо кӯмаки мададрасонони байнулмилалӣ таъсис дода шудаанд.


