Ифтитоҳи Маркази нави захоири маълумот дар ДДТТ

Имрӯз дар назди факултаи тандурустии ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Маркази нави захираҳои маълумот баргузор шуд. Марказ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) «Тандурустии хушсифат» бунёд гардида, барои таҳкими дониш ва малакаҳои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур муовини ректори ДДТТ Саид Қурбонов ва директори […]

Маҳпора Киромова


Имрӯз дар назди факултаи тандурустии ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Маркази нави захираҳои маълумот баргузор шуд.

Марказ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) «Тандурустии хушсифат» бунёд гардида, барои таҳкими дониш ва малакаҳои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур муовини ректори ДДТТ Саид Қурбонов ва директори USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Мак Доналд ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов иттилоъ дод, марказ ба таҳкими захираҳои таълимотии донишгоҳ, беҳбуди таҳсилу донишандӯзии донишҷӯён ва имконоти баргузории таҳқиқоти мустақил бо истифода аз технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард.

Ба қавли вай, дар марказ дастрасӣ ба шабакаи китобхонаи электронии донишгоҳ таъмин гардида, он бо адабиёти навтарин бо забони русиву англисӣ ва ҳамчунин техникаву мебел муҷаҳҳаз аст.

«То имрӯз ДДТТ аз рӯи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ фаъолият намуда,  аз ин лоиҳаҳо ҳамасола донишгоҳ то 5 млн. сомонӣ даромад ба даст меовард ва ин даромад ба муҷаҳҳаз намудани муассиса бо техникаи тадорукотӣ, дасторас кардани маводи таълим ва таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён масраф мегардид», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ 11 марказ фаъолият дошта, 4-тои онҳо бо кӯмаки мададрасонони байнулмилалӣ таъсис дода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.