Аввали моҳи декабр шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Шарифов ба намояндагии Хадддамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки ахири моҳи сентябр кормандони пулиси шаҳри Пикалевои вилояти Ленинград ӯро ба гумони даст доштан дар сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт кардаанд.
Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, баъди як рӯз ӯро озод карда, вале ҳуҷчатҳои иҷозати кор дар қаламрави Русияи шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтаанд. Худи ҳамон рӯз дар шуъбаи пулиси ш.Пикалево нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба эътиқоди худи Шарифов бошад, ӯ ин ҳуҷатро ба таври қонунӣ аз Маркази ягонаи ҳуҷатҳои Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург дастрас намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби намояндагии хадамоти муҳоҷират муайян карда шудааст, ки ҳуҷҷатҳои Б.Шарифов қонунӣ буда, ин далелро Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург тасдиқ намудааст.
«Аз рӯи ин ҳодиса ба унвони мақомоти раҳбарии пулиси шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград шикоят оварда шуда, дар натиҷа парвандаи ҷиноии беасос бозшуда нисбати ҳамватани мо қатъ карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.


