Музокироти парлумонӣ оид ба масоили бахши энергетика

Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарор кард, ки санаи 25-уми декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масоили иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009 ва 2020 музокироти парлумонӣ […]

Аваз Юлдошев


Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарор кард, ки санаи 25-уми декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масоили иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009 ва 2020 музокироти парлумонӣ доир карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, перомуни ин масоил дар назди вакилони парлумон мақомоти раҳбарии Вазорати молия, Вазорати энергетитка ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» ҳисобот хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ Тоҷикистон, ваикли парлумон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов дар ин робита изҳор намуд, ки «дар музокироти парлумонии қарибулвуқӯъ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасиву таҳлили ҷиддӣ қарор мегирад».

«Дар Кумитаи энергетикаву саноат, сохтмон ва коммуникатсияи парлумон мо барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон як бастаи ҳуҷҷату тавсияҳо таҳия намудем ва ман мутмаинам, ки аз ҷониби ҳукумат нодида гирифтани онҳо, ба оқибатҳои ногувор боис мегардад», – таъкид кард Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд