Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мушкилоти асосии берун бурдани партовҳои маишӣ дар шаҳр масъалаи ҷамъоварии маблағ аз аҳоливу корхонаҳо боқӣ мемонад.
Раиси пойтахт дар ин робита зикр кард, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон ба партовгоҳи шаҳрӣ 984 ҳазор тонна партовҳо бурда шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 66,3 ҳазор тонна зиёдтар мебошад ва ин ба ҳар як сокини пойтахт 3,68 кило дар як шабонарӯз рост меояд.
Дар идома ӯ иброз дошт, ки дар тендер оид ба хариду ба пойтахт овардани мошинҳои махсуси партовкаш, обпошӣ ва боркаш ширкати «Юнит экспорт Лимитед» (Британияи Кабир) ғолиб омада, ба шаҳри Душанбе 22 адад техникаи мазкурро ворид месозад.
М.Убайдуллоев таъкид намуд, ки пас аз итмоми амалисозии нишондиҳандаҳои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои дурушти маишӣ дар шаҳри Душанбе» дар соли 2013, татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳои дурушти маишӣ оғоз мегардад.


