Берун бурдани ҳудуди 1 млн. тонна партовҳои маишӣ аз пойтахт

Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мушкилоти асосии берун бурдани партовҳои маишӣ дар шаҳр масъалаи ҷамъоварии маблағ аз аҳоливу корхонаҳо боқӣ мемонад. Раиси пойтахт дар ин робита зикр кард, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон ба партовгоҳи шаҳрӣ 984 ҳазор тонна партовҳо бурда шудаанд, […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мушкилоти асосии берун бурдани партовҳои маишӣ дар шаҳр масъалаи ҷамъоварии маблағ аз аҳоливу корхонаҳо боқӣ мемонад.

Раиси пойтахт дар ин робита зикр кард, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон ба партовгоҳи шаҳрӣ 984 ҳазор тонна партовҳо бурда шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 66,3 ҳазор тонна зиёдтар мебошад ва ин ба ҳар як сокини пойтахт 3,68 кило дар як шабонарӯз рост меояд.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки дар тендер оид ба хариду ба пойтахт овардани мошинҳои махсуси партовкаш, обпошӣ ва боркаш ширкати «Юнит экспорт Лимитед» (Британияи Кабир) ғолиб омада, ба шаҳри Душанбе 22 адад техникаи мазкурро ворид месозад.

М.Убайдуллоев таъкид намуд, ки пас аз итмоми амалисозии нишондиҳандаҳои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои дурушти маишӣ дар шаҳри Душанбе» дар соли 2013, татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳои дурушти маишӣ оғоз мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.