Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли равон тамоили болоравии имконоти содиротиву воридотии Тоҷикистон идома ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулот 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,9 млн. долл. ИМА ё 7,4 фоиз зиёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ,ҳаҷми воридот дар ин давра маблағи 3,4 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 520,9 млн. долл. ИМА ё 18,1 фоиз бештар аст.


