Мусодираи миқдори зиёди маводи тарфгарӣ дар Хуҷанд

Дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 31 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) мусодира карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳафтаи ахир дар қаламрави шаҳр зиёда аз 23 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира гардида, барои фурӯши ғайриқонунии он ду нафар сокинони ноболиғи шаҳри Хуҷанд боздошт ва […]

Мавлуда Рафиева


Дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 31 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳафтаи ахир дар қаламрави шаҳр зиёда аз 23 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира гардида, барои фурӯши ғайриқонунии он ду нафар сокинони ноболиғи шаҳри Хуҷанд боздошт ва аз онҳо беш аз 3 ҳазор адад маснӯоти тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар фурӯши маснӯоти тарфгарӣ ҳамчунин боз як сокини ноблиғи шаҳр боздошт шуда, аз ӯ 12 ҳазор адад маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. «Дар шаҳри Истаравшан низ аз як соҳибкорзан 10 ҳазор адад маснӯоти тарфгарии гуногун мусодира гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки соли 1997 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ воридот, фурӯш ва истифодаи воситаҳои тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.