Вакилони Хатлон буҷаи соли ояндаро маъқул шумориданд

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо лоиҳаи буҷети давлатии соли 2013-и вилоят шинос гардида, онро маъқул шумориданд. Зимни шарҳи буҷети соли оянда ба вакилон сардори Сарраёсати молияи вилоят Сайвалӣ Сафаров изҳор намуд, ки лоиҳаи буҷет бо назардошти рушди иқтисодии вилоят ва афзоиши сарчашмаҳои андозбандӣ тарҳрезӣ шудааст. «Қисмати даромади буҷет дар ҳаҷми 483,3 млн. сомонӣ […]

Сайраҳмон Назриев


Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо лоиҳаи буҷети давлатии соли 2013-и вилоят шинос гардида, онро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи буҷети соли оянда ба вакилон сардори Сарраёсати молияи вилоят Сайвалӣ Сафаров изҳор намуд, ки лоиҳаи буҷет бо назардошти рушди иқтисодии вилоят ва афзоиши сарчашмаҳои андозбандӣ тарҳрезӣ шудааст. «Қисмати даромади буҷет дар ҳаҷми 483,3 млн. сомонӣ ва қисмати хароҷот ба маблағи умумии 863,1 млн.. сомонӣ пешбинӣ шудаанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Сафаров, аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 375,2 млн. сомонӣ воситаҳои ҳадафнок ворид хоҳанд шуд. «Қисмати асосии буҷет ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ равона мегардад», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ буҷети соли 2013 ба маблағи 96 млн. сомонӣ ё худ 25% афзуда, хароҷот дар ҳаҷми 243 млн. сомонӣ ё худ 39% зиёд шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.