Вохӯриҳои кормандони ХМ бо сокинони Ваҳдат

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат силсилавохӯриҳои кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо аҳолии маҳаллӣ ба итмом мерасад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти хадамоти мазкур, дар вохӯриҳо ба масъалаҳои касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ), одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболигон ба Русия,  баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат силсилавохӯриҳои кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо аҳолии маҳаллӣ ба итмом мерасад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти хадамоти мазкур, дар вохӯриҳо ба масъалаҳои касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ), одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболигон ба Русия,  баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар ба Русия, дурӣ ҷустан аз миёнаравон дар бозори меҳнат, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он ва зери таъсири манфӣ карор нагирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ суҳбатҳои судманд барпо шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки қаблан дар ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Турсунзода низ ба ин монанд вохӯриҳо баргузор гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.