Таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром


Чанде қабл дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, вакилони парлумон, олимону зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони эҷодиёти шоир ширкат варзиданд.

Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигар устодони сухан Қутбӣ Киром низ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири тоҷик саҳми арзанда дорад.

Шоирон Мӯъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ ва дигарон аз осори баландмазмуни шоир ва лаҳзаҳои хотирмони фаъолият бо Қутбӣ Киром ёдовар шуданд. «Шеъри «Бӯи нон»-и шоир, ки ним аср пеш эҷод шудаасту дар он бо як эҳсоси махсус гуруснагӣ ва азияти солҳои ҷанг таҷассум ёфтаанд, то ҳол беҳтарин шеъри тоҷикӣ боқӣ мемонад», – гуфт Мӯъмин Қаноат.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳунарпешагони маъруфи кишвар Ҷӯрабек Муродов, Раҳматулло Ҳошимов, Хурсандмурод Зарифов, Афзалшо Шодиев ва дигарон иштирок карда, табъи ҳозиринро бо оҳангҳо ба матни ашъори шоир болида гардониданд.

Ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов қисматеро аз спектакл аз рӯи пйесаи Қутбӣ Киром «Торҳои муҳаббат» намоиш доданд, ки ба ҳаёту эҷолиёти шоири шаҳир Нақибхон Туғрал бахшида шудааст.

Тӯли кору зиндагӣ Қутбӣ Киром (1932-1995) ба унвонҳои Шоири халқӣ ва Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳо буда, тарҷумаи асарҳои Уилям Шекспир, Михаил Лермонтов, Николай Некрасов, Сергей Есенин, Александр Блок ва дигар шоирону нависандагони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ба қалами ӯ таалллуқ доранд.

spot_imgspot_img

Популярное