Ба рӯйхати сомонаҳое, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ қатъи дастрасиашонро дастур додааст, шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва Твиттер ҷой надоранд.
Аммо дар рӯйхати Хадамоти алоқа қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои «Мой мир» ва «Вконтакте» супориш шудааст.
Мувофиқи талаботи Хадамоти алоқа, дастрасӣ ба сомонаҳое аз қабили
www.footboll.ua
,
topvideo.tj
,
www.tajrep.tj
,
toptj.com
,
www.xorpushtak.wordpress.com
ва ғайра бояд қатъ карда шавад. Дар рӯйхат ҳамчунин як қатор сомонаҳои фаҳш (порнографӣ) вуҷуд доранд.
Дар ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон изҳор намуданд, ки аз аксари сомонаҳое, ки дар рӯйхат мавҷуданд, онҳо ҳатто огаҳие надоранд. Дар мактуби Хадамоти алоқа корҳои таъмиру фаннӣ сабаби ин амал унвон шудаанд.



