Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ қариб ба 3,3 млрд. $ расид

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ қариб ба 3,3 млрд. $ баробар шуд. Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане») зикр мегардад, ки моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 305 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ қариб ба 3,3 млрд. $ баробар шуд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане») зикр мегардад, ки моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 305 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 11 фоиз зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон тақрибан 380, сентябр – беш аз 421, август – 436, июл – 385, июн – 320, май – 275, апрел – 241, март – 201, феврал – 165 ва январ низ тақрибан 165 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия бошад, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз 3 млрд. доллари ИМА бештар буд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ зикр мегардад, ки моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 825 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр карда, каме бештар аз 575 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бошад, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.