Охири сол интиқоли гази Ӯзбекистон қатъ мегардад

Аз 31-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» манбаъҳои муътамади наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар «Узбекнефтегаз» ва сохтори он «Узтрансгаз» чунин тасмим гирифта шудааст. «Гуфтушунид барпо нашуд. Ӯзбекистон сабаби чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳад, вале ба «Тоҷиктрансгаз» огоҳинома расид, ки аз 31-уми декабр интиқоли гази […]

Заррина Эргашева


Аз 31-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» манбаъҳои муътамади наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар «Узбекнефтегаз» ва сохтори он «Узтрансгаз» чунин тасмим гирифта шудааст.

«Гуфтушунид барпо нашуд. Ӯзбекистон сабаби чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳад, вале ба «Тоҷиктрансгаз» огоҳинома расид, ки аз 31-уми декабр интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя қатъ карда мешавад ва аллакай ҳаҷми воридоти газ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи январ ва моҳи апрели соли равон низ чунин вазъ ба миён омада, он замон ин масъала зимни сафари як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба Тошканд ҳал шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекстон 125 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард. Моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.

Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.