Бар асари коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон фаъолияти корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ – КВД «Тоҷиксемент» қатъ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни коҳиши интиқоли газ дар корхона, кӯшиш кардаанд, ки аз 6 оташдони мавҷуда танҳо дар 2-тоаш семент истеҳсол кунанд, вале дар натиҷаи бамаротиб кам шудани интиқоли газ, кор дар онҳо ҳам ғайриимкон шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз камбуди гази табиӣ, фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) идома дорад. «ТАЛКО бо гази аз ангишт истеҳсолшуда фаъолият дорад, зеро ҳаҷми таъмини корхона бо гази табиӣ хеле кам аст», – гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз» феълан дар як шабонарӯз аз Ӯзбекистон 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ ворид мешавад, ки асосан ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе интиқол дода мешавад.
Соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҳудуди 135 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард. Моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.
Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тошканд дар шаҳри Душанбе хабар доданд, шурӯъ аз 24-уми декабр бинобар сабаби ба итмом расидани қарордод оид ба интиқоли газ, Ӯзбекистон ба коҳиши ҳаҷми интиқоли он оғоз кард.
«Ба иллати анҷоми муҳлати қарордоди интиқоли газ барои соли 2012, интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзи 31-уми декабр, соати 18:00 пурра қатъ карда мешавад», – изҳор карданд дар сафоратхонаи Ӯзбекистон.
Дар робита ба ин нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дар робита ба қарори «Узтрансгаз» оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон мактуб ирсол намуд. Дар мактуби О.Оқилов зикр гардидааст, ки талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон 200 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.
«О.Оқилов изҳори боварӣ намудааст, ки ҳаҷми зарурии талаботи яксолаи Тоҷикистон барои кишвари ҳамсоя қобили таваҷҷуҳ нест», – гуфтанд дар сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ.



