Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни баррасии лоиҳаи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2013-2015 баҳсҳо сурат гирифтанд.
Зимни шарҳи лоиҳаи Стратегия ба вакилон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳмизода қайд кард, ки он аз ҷониби намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ таҳия гардида, ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди синфи миёна ва афзоиши шумори намояндагони ин табақаи аҳолӣ нигаронида шудааст.
«Дар Стратегия коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 пешбинӣ шуда, сатҳи синфи миёна (тибқи меъёри миёнаи байнулмилалӣ) аз 19,5% то 29,4% боло меравад. Дар Стратегия зикр мегардад, ки тақрибан 30%-и аҳолии Тоҷикистон ба гурӯҳи осебпазир мансуб буда, Стратегия баҳри он равона гардидааст, ки ин гурӯҳи аҳолӣ ба синфи миёна шомил гардад», – гуфт вазир.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров муддати қариб як соат оид ба паҳлӯҳои гуногуни Стратегия ба вазири рушди иқтисод саволҳо дода, бештар ба масоили марбут ба таҳияи лоиҳаи қонунҳое, ки ба амалисозии Стратегия равона мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Шумо дар Стратегия такмили заминаи қонунгузорӣ дар самтҳои гуногунро пешниҳод мекунед, вале возеҳ шарҳ дода наметавонед, ки маҳз таҳияи чӣ гуна қонунҳо заруранд», – гуфт ӯ ва аз Ш.Раҳимзода дархост намуд, ки мафҳуми синфи миёнаро тавзеҳ бидиҳад.
Вазир зикр кард, ки мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, агар ҳар як узви оила дар як рӯз аз 7 то 10 доллари ИМА масраф намояд, ин оиларо метавон синфи миёна номбар кард. «Дар Тоҷикистон то ҳанӯз меъёри муайян кардани синфи миёна таҳия нашудааст. Тибқи меъёрҳои Қазоқистон, агар инсон автомашинаи шахсиву манзили зист ва суратҳисоб дар бонку имкони дар як сол як маротиба ба осоишгоҳ рафтанро дошта бошад, ӯро намояндаи синфи миёна мешуморанд. Тибқи ҳисобҳои пешакии мо, дар Тоҷикистон агар ҳар як узви оила дар як рӯз имкони хароҷоти 2-3 доллари ИМА (10-15 сомонӣ)-ро дошта бошад, ин оиларо метавон ба синфи миёна мансуб донист», – изҳор кард вазир.
Вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ аз раис суол кард, ки чаро ба ҳамаи вакилон лоиҳаи Стратегияи мазкур дастрас нагардид. «Шумо муддати як соат аст, ки бо вазир дар бораи кадом стратегияе баҳс доред, вале ман мазмуни баҳсро сарфаҳм намеравам, зеро бо ин лоиҳа умуман шинос нестам», – гуфт раиси ҲНИТ. Дар посух Зуҳуров иброз дошт, ки Стратегия аз рӯи ҳаҷм хеле бузург буда, барои сарфаи коғаз ба вакилон шакли электронии он пешниҳод карда шуд.
Муҳиддин Кабирӣ аз посухи раис қонеъ нашуда, изҳор намуд, ки ба чанде аз вакилон ҳатото шакли электронии лоиҳа Стратегия низ дастрас нагардидааст. «Агар дар парлумон мушкилоти коғаз вуҷуд дошта бошад, пас дар бораи кадом Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум метавон ҳарф зад», – гуфт раиси ҲНИТ.
Вакил Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки танҳо аз рӯи мантиқ ба ҷонибдории қабули Стратегия овоз хоҳад дод, зеро муқобили беҳбуди сатҳи некӯаҳволии интихобкунандагон овоз додани намояндаи мардумӣ нобахшиданӣ аст.
Раиси ҲКТ муътақид аст, ки рақамҳои дар лоиҳаи Стратегия зикршуда ба воқеият мувофиқат надоранд. «Масалан, Шумо то ба 1 млн. тонна дар як сол расонидани ҳосили картошкаро пешбинӣ мекунед, вале дар шароити имрӯза ин як афсона аст. Барои даст ёфтан ба ин миқдор ҳосил ҳадди ақал ҳудуди 300 ҳазор гектар замини кишт, техника ва нуриҳои минералии зиёде зарур аст, ки мо онро надорем. Дар пешгӯиҳо оид ба истеҳсоли гӯшту шир низ нишондиҳандаву далелҳои фантастикӣ ҷой доранд», – зикр кард Шабдолов.
Пас аз баҳсҳо Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2013-2015-ро вакилон якдилона маъқул шумориданд.



