Ярмарка-фурӯши ҷумҳуриявии Агентии хариди давлатӣ

Рӯзҳои 28-29-уми декабр дар тамоми марказҳои маъмурӣ ва пойтахти кишвар ярмарка-фурӯши ҷумҳуриявии маҳсулоти ниёзи аввалия доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмарка орд, шакар, биринҷ, равғани рустанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. «Ин маҳсулот аз захираҳои давлатӣ ба фурӯш гузошта намешавад, зеро […]

Заррина Эргашева


Рӯзҳои 28-29-уми декабр дар тамоми марказҳои маъмурӣ ва пойтахти кишвар ярмарка-фурӯши ҷумҳуриявии маҳсулоти ниёзи аввалия доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмарка орд, шакар, биринҷ, равғани рустанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

«Ин маҳсулот аз захираҳои давлатӣ ба фурӯш гузошта намешавад, зеро барои ин қарори ҳукумат зарур аст. Маҳсулот аз ҷониби сохторҳои тиҷоратии Агентӣ, ки ба воридот ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия машғуланд, ба фурӯш бароварда мешавад», – гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки нархи маҳсулоти ярмарка дар муқоиса бо нархи бозор 10-15% поинтар буда, дар пойтахт ярмарка маъмулан дар қаламрави бозори Қарияи Боло гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.