Имзои созишномаи бимаи тиббии муҳоҷирони тоҷик

Дар шаҳри Маскав миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва Ҷамъияти саҳҳомии бима (суғурта)-и «ВСК» Созишнома дар бахши бима ба имзо расид. Бино ба маълумоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, созишнома аз ҷониби роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷират Асрор Одинаев ва мудири кулли «ВСК» Олег Овсянитский ба имзо расида, ба ҳимояти манфиатҳои иҷтимоиву […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва Ҷамъияти саҳҳомии бима (суғурта)-и «ВСК» Созишнома дар бахши бима ба имзо расид.

Бино ба маълумоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, созишнома аз ҷониби роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷират Асрор Одинаев ва мудири кулли «ВСК» Олег Овсянитский ба имзо расида, ба ҳимояти манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии шахсони воқеӣ, дар ҳолати мазкур – муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидааст.

Ба андешаи Асрор Одинаев, имзои созишномаи мазкур ба таъмини дастрасии муҳоҷирони тоҷик ба хизматгузории хушсифати тиббӣ дар қаламрави Русия мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҳуҷҷат бимаи тиббии ихтиёрии муҳоҷирони тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия пешбинӣ мегардад. «ВСК» барномаи хароҷоти таъҷилии тиббӣ барои муҳоҷирони кориро пешниҳод мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.