Коршинос: Ҳукуматдорону пешвоёни Бадахшон боз «гапзанон карданд»


Дар робита ба қарори Прокуратураи генералӣ оид ба қатъи таъқиби ашхосе, ки дар Хоруғ ихтиёран силоҳ супориданд, коршиноси бахши низомӣ Қурбон Саидов изҳор кард, ки қатъи парвандаҳои ҷиноӣ бар асоси эзоҳи 1 ба моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа) таҷрибаи маъмул аст.

(Эзоҳи 1 ба моддаи 195: Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур  номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад).

Қурбон Саидов хотиррасон намуд, ки ҳанӯз дар фармони маъруфи президенти Тоҷикистон дар бораи ихтиёран супурдани аслиҳа аз 2 декабри соли 1994 зикр гардида буд, ки шахсоне, ки ихтиёран аслиҳаро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ озод карда мешаванд. Аз ин рӯ, мегӯяд коршинос, нисбат ба шахсоне, ки ҳангоми рӯйдодҳои Хоруғ аслиҳаашонро супурданд, ҳеҷ афве татбиқ нашудааст. «Бино ба изҳороти Прокуратураи генералӣ, дар ҷараёни тафтишот дар амалҳои ин шахсон дигар таркиби ҷиноят ошкор нашудааст ва бинобар он парвандаҳои ҷиноӣ қатъ карда шуданд», – гуфт ӯ.

Дар идома коршинос иброз дошт, ки ҳамон эзоҳи моддаи 195 имкон медиҳад, ки нисбати ҳама гуна шахси қаблан аслиҳаашро супурда аз рӯи «ҳолатҳои нав пайдошуда» боз парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

«Чунин ҳолатҳо дар таърихи навтарини кишвар, аз ҷумла дар рӯйдодҳои вилояти Хатлону шаҳри Турсунзода соли 1997 ва сипас солҳои 2000 ва 2002 дар Кофарниҳон (феълан Ваҳдат) ва гуруҳи ноҳияҳои Рашт ба мушоҳида расида буданд», – иброз дошт вай.

Саидов мегӯяд, дар рӯйдодҳои Хоруғ дар бораи ихтиёран супурдани аслиҳа наметавон ҳарф зад, зеро афроди мусаллаҳ дар муҳосира қарор дошта, маҷбур буданд, ки аслиҳаашонро супоранд ва афроде, ки баъди рӯйдод яроқашонро супурданд, таҳти фишори аҳли ҷомеа ё дигар ҳолатҳо ба ин амал даст заданд.

Коршинос муътақид аст, ки қарори қатъи таъқиби иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғ яқинан бо ҳадафҳои сиёсӣ қабул шуд, зеро ин қарор «ба шахсоне низ дахл хоҳад дошт, ки бояд барои ҷиноятҳои худ ҷавоб гӯянд». «Дар изҳорот Прокуратураи генералӣ мушаххасан нисбати кадом шахсони қатъ гардидани парвандаҳои ҷиноиро зикр накардааст», – таъкид дошт коршинос.

Ба андешаи ӯ, бо аксари ба истилоҳ «афшудагон» боз як созиши ғайрирасмӣ ба даст омадааст, ки онҳо дигар ба фаъолияти ҳукумати расмӣ дар ВМКБ монеъа эҷод намесозанд. «Ба ивази ин онҳо аз таъқиб озод шуда, барояшон ҷиҳати «пешбурди рӯзгор» ва дар ихтиёри худ нигоҳ доштани ҳаммаслакон шароит фароҳам оварда мешавад. Соли 2008 бо Толиб Айёмбеков чунин созиш сурат гирифта, бо ба ихтиёри ӯ додани назорати самти Мурғоб гумон доштанд, ки ӯ ба назорати Хоруғ аз ҷониби Душанбе имкон медиҳад», – мегӯяд коршинос.

Аммо у муътақид аст, ки вақте «ин афвшудагон» дубора тасмими мухолифат бо ҳукумати расмиро мегиранд, нисбати онҳо дарҳол аз рӯи «ҳолатҳои нав пайдошуда» боз парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон расман иттилоъ дод, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноии афроде, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд, қатъ карда мешавад.

Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) боз шуда буданд.

Дар иттилоии пахшшудаи Прокуратураи генералии ҶТ зикр мегардад, ки дар ин хусус рӯзи 21-уми декабр аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ бо розигии муовини аввали прокурори генералӣ қарори дахлдор қабул шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералӣ аз шарҳу тавзеҳи ҷузъиёти қарори қабулшудаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» худдорӣ кард.

spot_imgspot_img

Популярное