Хатти нави технологӣ дар комбинати шири Кӯлоб

Date:


Имрӯз дар комбинати шири Кӯлоб хатти нави технологии истеҳсоли кулҷаҳои қандин (печене) мавриди истифода қарор гирифт. Хатти нави технологӣ аз Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳсолиаш 1,5 тонна дар як баст аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Бозоралӣ Мирзоев хабар дод, дар Соли нав корхона ба аҳолии шаҳр 11 навъи маҳсулоти шириниву қаннодиро пешкаш хоҳад кард.

«Дастрасии чунин хатти пуриқтидори истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба туфайли қарзи имтиёзноки ҳукумати ҷумҳурӣ бо 14%-и солона ба муддати 2,5 сол имконпазир гардид, ки дар ҳаҷми 440 ҳазор сомонӣ тавассути ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод гардид», – гуфт директори корхона.

Ба қавли Мирзоев, имрӯз дар корхона коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, консерва ва маҳсулоти қаннодӣ амал мекунанд. «Феълан корхона дар як сол ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад ва соли 2013 мо ният дорем, ки ин нишондиҳандаро ду баробар афзун намоем», – иброз дошт номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...