Хатти нави технологӣ дар комбинати шири Кӯлоб

Имрӯз дар комбинати шири Кӯлоб хатти нави технологии истеҳсоли кулҷаҳои қандин (печене) мавриди истифода қарор гирифт. Хатти нави технологӣ аз Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳсолиаш 1,5 тонна дар як баст аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Бозоралӣ Мирзоев хабар дод, дар Соли нав корхона ба аҳолии шаҳр 11 навъи маҳсулоти шириниву қаннодиро пешкаш хоҳад […]

Турко Дикаев


Имрӯз дар комбинати шири Кӯлоб хатти нави технологии истеҳсоли кулҷаҳои қандин (печене) мавриди истифода қарор гирифт. Хатти нави технологӣ аз Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳсолиаш 1,5 тонна дар як баст аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Бозоралӣ Мирзоев хабар дод, дар Соли нав корхона ба аҳолии шаҳр 11 навъи маҳсулоти шириниву қаннодиро пешкаш хоҳад кард.

«Дастрасии чунин хатти пуриқтидори истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба туфайли қарзи имтиёзноки ҳукумати ҷумҳурӣ бо 14%-и солона ба муддати 2,5 сол имконпазир гардид, ки дар ҳаҷми 440 ҳазор сомонӣ тавассути ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод гардид», – гуфт директори корхона.

Ба қавли Мирзоев, имрӯз дар корхона коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, консерва ва маҳсулоти қаннодӣ амал мекунанд. «Феълан корхона дар як сол ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад ва соли 2013 мо ният дорем, ки ин нишондиҳандаро ду баробар афзун намоем», – иброз дошт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.