Манъи транзити гази моеъ ҳеҷ мушкилие ба Тоҷикистон пеш намеорад

spot_imgspot_img

Дата:


Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон бар ин назаранд, ки манъи транзити автомобилии гази моеъ аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон бетаъсир хоҳад буд.

«Қарори мазкури ҳукумати Ӯзбекистон ба ҳаҷми воридоти мо таъсир намерасонад, зеро мо гази моеъро танҳо тариқи роҳи оҳан ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳем ва ҳамлу нақли он тариқи роҳи оҳан арзонтар аст», – изҳор карданд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ҶСП «Фароз».

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, ширкати «Фароз», ҶДММ «Тоҷирон» ва ҶДММ «Зет-Газ» ба воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон машғуланд.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, ширкатҳои «Тоҷирон» ва «Зет-Газ» низ тавассути роҳи оҳан гази моеъро ворид мекунанд. Аммо ба ОИ «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуд, ки ин маълумотро тасдиқ намуда, аз ин ширкатҳо шарҳу тавзеҳ дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз соҳибкорони инфиродӣ, ки ба воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тавассути автомобил машғул аст, изҳор кард, ки гази моеъро онҳо аз Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон меоранд. «Ҳаҷми воридоти мо камтар буда, аз ин рӯ, аз роҳи оҳан истифода намекунем», – гуфт ӯ.

Дар робита ба роҳи мошингард миёни Тоҷикистону Қазоқистон соҳибкор зикр кард, ки он тариқи Қирғизистон мусоидтар аст. «Ба андешаи ман, маҳдудияти ҷорикардаи ҳукуматдорони ӯзбек ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон ҳеҷ таъсире расонида наметавонанд», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои ахир гази моеъ дар Тоҷикистон ба яке аз навъҳои сӯзишвории бештар мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз зиёда аз 40%-и воситаҳои нақлиёт аз он истифода мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта ба ҷумҳурӣ ҳудуди 74 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 қариб 30 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ

транзити гази моеъ

тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард. Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...